СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ ГИГИЕНӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамарӯза миёни сокинони ноҳия оиди азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ баргузор карда мешавад. Сокинони ноҳия ин ташаббуси ҳизбиро иқдоми саривақтӣ дониста, иншооти гигиенӣ- ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯйӣ бо усули дренажӣ сохта истодаанд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” амал намуда, сокинони ноҳияро мунтазам ба сохтани иншоотҳои гигиенӣ водор месозанд. Сокинон низ бо азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматии худ ва дигар ҷойҳо саҳми хешро гузошта истодаанд.