БОЗИИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “АЛБОМ-ЭСТАФЕТА" ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон дар доираи татбиқи аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи сокинони шарафманди ноҳияи Кӯшониён дар майдони Парчам ва Нишони миллии маркази ноҳия мусобиқаи варзишӣ, аз қабили бозии шашкаву шоҳмот доир гардид.

Дар мусобиқаи варзишӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, Раиси шаҳри Левакант Файзиддинзода Бунафша ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, инчунин, ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Кӯшониён ширкат варзида, ғолибони даври ниҳоии мусобиқаро бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён қадрдонӣ намуданд.