САҲМИ АРЗАНДАГИ АЪЗОЮ КОРМАНДОНИ ТИ ДАР ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон дар асоси Барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми октябри соли 2022, №24/10-54 тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳи ҳизбиро вазифадор менамояд, ки то охири соли 2022 ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки ҳамаи кормандон ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳашар ташкил намуда, корҳои тоза кардани роҳу кӯчаҳо, соҳили дарёҳо, хиёбону боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои ҷамъиятиро ба роҳ монда, дар ободиву тозагии муҳити ташкилоту корхона, иншоотҳои маҳаллаю деҳаҳои шаҳру ноҳияи худ саҳми хешро гузоранд.

Дар доираи ин ташаббус кормандону аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қалби пок” дар кӯчаи И. Сононии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ҳашари дастаҷамъона доир намуда, атрофи роҳ ва ҷӯйборҳои онро аз аллафу буттаҳои хушкида тоза намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки ин гуна корҳои ободонӣ ва тозагардонии муҳити зист созандагӣ аз ҷониби кормандони дигар ташкилоту муассисаҳо низ ташкил ва баргузор карда шуд.