Вохӯрӣ бо вакилони Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории Аксияи ҷумҳуриявии “Албом - Эстафета”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори Қасри Фарҳанги ноҳия санаи 20.10.2022 вохӯрии ҷавонону фаъолони ноҳия бо сиёсатмадорону собиқадорони хизмати давлатӣ ва дастпарварони Мактаби сиёсии Пешвои миллат баргузор гардид.

Маросими расмиро Миралиён Қиёмиддин-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ифтитоҳ намуда, оид ба ташаббуси КИМ ҲХДТ аз ташкилу баргузор намудани “Албом-Эстафета” ибрози андеша намуда, зикр намуд, ки ташаббуси ҲХДТ оид ба ташкилу баргузории нақша-чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷу эҳтиром ба хизматҳои шоёни роҳбарияти Олиии кишвар ва моҳияти Иҷлосияи тақдирсоз арзёбӣ мегардад. Чаро ки тамоми дастоварду пешравиҳо ва рушду нумӯи Тоҷикистон соҳибистиқлол аз натиҷаҳои Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад. 

Дар чорабинӣ ҳамчунин сиёсатмадорони маъруфи кишварамон  вакилони Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мусоева баромад намуда, оид ба таърихи пуршарафи бунёдгузории давлати навинамон, нақши Иҷлоссияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлол изҳори андеша намуданд. Меҳмонон аз ҳаёту фаъолияти хеш дар арсаи сиёсат ва хизматҳои шоёни фарзандони фарзонаи миллат дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон қиссаҳо намуданд.

Дар охир Шарифзода Ҷамшед Раҳмон-раиси ноҳияи Восеъ меҳмонони олиқадрро барои ташриф ба ноҳияи Восеи қаҳрамон хайрамақдам гуфта, барои суҳбати гарму ҷӯшон ва пур аз мазмун ба эшон миннатдорӣ баён намуданд.