ТОЗАГИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кормандон ва масъулини ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атрофи назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён шанбегӣ доир намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи шанбе аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроия ҳашари дастачамъона ташкил намуда дар корҳои ободониву созандагӣ, тозаги гирду атрофи бино, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу бутаҳо ва тозанамудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона саҳми бозсазои худро  гузоранд.

Бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳали худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.