Арҷгузорӣ ба фарзандони вафодори Ватан дар назди пайкараи Восеъи қаҳрамон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ субҳи 20.10.2022 ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи кишварамон, яъне Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он меҳмонон сиёсатмадорон ва вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мусоева, инчунин, дигар фаъолону зиёиёни ноҳияи Восеъ  иштирок доштанд. Дар ин рӯз ба нишони арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдориву сиёсати пешгирифтаи роҳабрияти олии кишвар ҳудуди 1000 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар майдони марказии ноҳияи Восеъ ҷамъ омада буданд. Ҳамин тавр, иштирокчиён ба нишони арҷгузорӣ ба фарзандони вафодори Ватан дар назди пайкараи Восеъи қаҳрамон гулчамбаргузорӣ намуданд.