Ватанамонро бо ҳам месозем!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва дастгирии  фаъолони ҲХДТ  бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбии  “Якҷоя месозем!” дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён, маҳаллаҳои Шоҳ  сохтмони  иншооти гигиенӣ –ҳоҷатхона бо усули дренажӣ ба анҷом расонида шуд.

Бояд қайд кард, ки маъракаи созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён бо маром идома дошта, мардуми шарифи ноҳияи бостонии Қубодиён суханони Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ дониста, баҳри ободонии Ватани  азизамон камари ҳиммат бастаанд.