БАҲРИ ОБОДКОРӢ ВА ЗЕБОГАРДОНӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, роҳҳо ва майдонҳои ҳудуди ноҳия ҷиҳати фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист маъракаи "ШАНБЕГӢ" дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯшониён ҳашарҳои умуми ноҳиявӣ баргузор гардида истодааст.

Бо ҳамин мақсад дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ноҳия ҳар рӯзи шанбеи ҳафта шанбегӣ доир карда мешавад, ва сокинони ноҳия бошанд, омодаанд дар тозаву озода намудани маҳалли зист ва созандагиву бунёдкории Ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд.

Бо ҳамин хотир дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа ҳашари дастаҷамъона  аз ҳисоби кормандони ташкилоти ибтидоии “Фурудгоҳ”  доир гардид.