БАҲРИ ОБОДКОРӢ ВА ЗЕБОГАРДОНӢ ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ ДОИР ГАРДИД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, роҳҳо ва майдонҳои ҳудуди ноҳия ҷиҳати фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист маъракаи "ШАНБЕГӢ" дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъӣ баргузор гардида истодааст.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ноҳия ҳар ҳафта шанбегӣ доир карда мешавад, ва сокинони ноҳия бошанд, омодаанд дар тозаву озода намудани маҳалли зист ва созандагиву бунёдкории Ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд.

Бо ҳамин мақсад дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа аз ҳисоби сокинони маҳалаву деҳот, ташкилоту муассисаҳо ҳашари дастаҷамъона дойр гардид.