САҲМИ БЕВОСИТАИ САХОВАТМАНДОН ДАР ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-ноҳияи Кӯшониён таъмир ва аз нав барқарорсозии бинои ошхона бо маром идома дорад. Иттилоъ бояд дод, ки таъмиру барқарорсозии бинои мазкур бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи падару модарон ба роҳ монда шудааст.

Ҳамарӯза дар ҷараёни ташаббусҳои ободгароӣ аҳолии деҳа бо роҳбарии сарвари муассиса ба рангубор намудани деворҳо, шинонидани дару тирезаҳо, аз навсозии сақфу фарши бино машғул буда, дастаҷамъона тариқи ҳашар  дар ин кори хайр саҳми бевоситаи  худро гузошта истодаанд. 

Тибқи иттилои роҳбари муассиса, дар сурати пурра маблағгузорӣ гардидан бинои ошхона ба пуррагӣ аз таъмиру барқарорсози баромада, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.