ТОЗАГИИ МУҲИТИ АТРОФ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ дар роҳравҳои байни ҷамоати деҳоти Шаҳрак ва ҷамоати деҳоти Иттифоқ шанбегӣ доир карда шуд.
 
Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии деҳаи "Гулистон", ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва кормандони идораи роҳсозӣ рӯзи 08.10.2022 бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба ҳашари шанбегӣ баромада, роҳравҳоро рӯбучин кардаву аз ҳар гуна ифлосиҳо тоза намуданд.