Бо ҳам Ватанамонро месозем!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббус ва дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи аксияи ҳизбии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён, маҳаллаҳои Намуна ва Шоҳ  азнавсозии иншооти гигиенӣ –ҳоҷатхона бо усули дренажӣ ҷараён дорад, ки ин аз ҷониби фаъолон ва аъзоёни кумитаи иҷроияи ноҳия барои мардуми ин маҳал сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Бояд қайд кард, ки маъракаи созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён бо маром идома ёфта, мардуми шарифи ноҳияи бостонии Қубодиён суханони Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ дониста, баҳри ободонии мамлакати азизамон камари ҳиммат бастаанд.