АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ АСТ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Самадов Ҷамшед- сокини ноҳияи Темурмалик бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва пайравӣ намудан аз сиёсати пешгирифтаи раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик омада, барои дохил шудан ба сафи аъзои ҳизб ариза пешниҳод намуд. Аъзои нав бо шаҳодатномаи ҳизбӣ сарфароз гардонида шуда, масъулин таъкид сохтанд, ки ҳар як аъзо бояд дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз саҳми арзандаи худро гузорад, зеро аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шараф ва ифтихори бузург аст.