ДАР АМАЛ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷиккистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаи Гулшан корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва таъмири болопӯши бинои асосӣ рафта истодааст.

 

Ҳамаи ин корҳои сохтмонӣ бо саҳмгузории Ассотсиатсияи падару модарон ва шахсони саховатманди деҳа дар доираи амалиёти “Мактаби ман” ташкил ва роҳандозӣ шуда истодаанд.

Айни замон мақсад доранд, ки то саршавии фасли сармо болои синфхонаҳои иловагиро низ пӯшонанд.  Барои анҷом додани ин корҳо ҳамаи шароитҳо муҳайё гардонида шудаанд.