СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 27-и нақшаи кори-2022 «Таъмиру сохтмони мактабу боғчаҳо дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон» бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳритус ва дастгирии аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии «Маориф ва мактабҳо» сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 Қурбонов Юсуф дар якҷоягӣ бо  кумитаи падару модарон, соҳибкорону саховатмандон бо тариқи ҳашар сохтмони се синфхонаи иловагӣ дар рӯзҳои наздик сохта ба истифода дода мешавад.