ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД БАРГУЗОР ГАРДИД.

Вахш:  

 Субҳи 17 апрели соли 2024, дар асоси нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолӣ”, дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои дигар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар маркази ноҳия баргузор гардид. Дар ярмарка масъулини кумита низ иштироки фаъолона доштанд. Дар ярмаркаи мазкур аз 7 ташкилоту муассисаҳои дорои ҷойи корӣ, намояндагон аз 7 ташкилот иштирок намуда, 145 вакантҳои лозимиро пешкаши шаҳрвандони бекори ноҳия гардониданд. Дар чорабинӣ зиёда аз 96 нафар иштирокчи ва бинанда фаро гирифта шуд. Чорабиниро бо суруд мӯсиқиҳои саршор аз ватандӯстӣ ҳусни фарҳангӣ бахшида, ҷалби иштирокчиенро бештар намуданд. Дар натиҷа ба 7 нафар шаҳрвандони бекори ноҳия дар касбу кори гуногуни ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагии халқ тавсия дода шуд, ки 3 нафари онҳоро занон ва 4 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳад.

       Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш