АЪЗОЁН ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ПАЙВАСТА МЕАФЗОЯНД!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Вахш чорабинии супоридани шаҳодатномаҳои  ҳизбӣ ба аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша бо шукӯҳу шаҳомоти хоса баргузор мегардад. Бо мақсади сифатнок зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз тарафи масъулин корҳои фаҳмондадиҳи пайваста баргузор карда мешавад, ки дар ин замина таърихи 2.05 соли 2024 ба як қатор аъзоёни нави ҲХДТ аз ТИ “Пахтадашт” аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш, дар вазъияти тантанави шаҳодатномаҳои ҳизбӣ  супорида шуд. Ҳамзамон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатии хеш ироа намуда буданд, ёдовар шуданд. Дар ин асно  аъзоёни нави ҳизб  ибрози андеша намуда қайд намуданд, ки аъзои ҳизб будан ва дар сафи ин ҳизби пешгом будан ин ифтихору шарафи баланд мебошад.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумита иҷроияи  Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.