БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ АДАБӢ БО ИШТИРОКИ АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Вахш: Созандагони ватан  

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) таваллуд ёфтааст. Соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро ба итмом расонда, ба ҳайси мудири шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва, муддате, дар вазифаи роҳбари қисми адабии Театри давлатии мазҳакаю мусиқии Ленинобод ба номи А.С.Пушкин адои хидмат кардааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор гузашта, вазифаҳои мудири шуъбаи ташкиливу оммавӣ ва роҳбари шӯрои драманависонро бар уҳда доштааст.Соли 1939 раиси Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ (Главлит), соли 1943 сардори Раёсати санъати ҷумҳурӣ таъин гардидааст.Аз соли 1946 то рӯзи фавташ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.Соли 1951 академики АИ РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.Фаъолияти адабияш аз соли 1929 оғоз ёфтааст. Бо мақсади арҷгузори намудан ба хизматҳои шоёни фарзона фарзанди миллат ва шинос намудани насли наврас ба хизматҳои мондагори ин шахсияти таърихи бо иштироки васеъи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таълимии №23, маҳфили адаби баргузор карда шуд, ки дар рафти маҳфил шеъру достон ва саҳначаҳо аз ҳаёту фаъолияти устод М.Турсунзода аз тарафи хонандагон намоиш дода шуда, инчунин маърузаҳо карда шуд.

  Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.