МУАРРИФИИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ -МУАРРИФИИ МИЛЛАТ АСТ!

Вахш:  

 Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Либос дар арсаи байналмилалӣ муаррифи давлат ва миллат мебошад. Агар давлатро аз як ҷиҳат аз рӯйи муқаддасоташ: Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ шиносанд, аз тарафи  дигар аз рӯйи либос ва фарҳангаш мешиносанд.Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки занону духтарони тоҷик вақтҳои охир ин рукни муқаддаси миллатро камтар қадр менамоянд ва арзиши миллии онро нодида мегиранд. Яъне таваҷҷуҳи духтарони тоҷик аз либоси миллӣ дида, ба либоси бегона бештар аст. Набояд зани тоҷик аз либоси миллии хеш дида, ба либоси бегона шавқу ҳавас дошта бошад, зеро ин ба мо – тоҷикон, мардуми дорандаи фарҳанги бою пурарзиш зебанда нест. Ин ҷиҳатҳоро ба назар гирифта, вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод намуданд. Дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ пешниҳод гардидааст, дар ин замина дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аксия “Тоҷикона мепушем” байни занону духтарони ноҳия баргузор карда шуд.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.