БО ХАЛҚ БУДАН СИЁСАТИ МЕҲВАРИИ ҲХДТ МЕБОШАД

Вахш: Ҳисобот  

Таърихи 8 феврали соли 2024 дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Вахш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Ватанзода С.В., ва раиси ташкилоти нави ибтидоии Ҳизбии “Пайравони Сино” Ҳафизова Х.,  вохӯрӣ бо аъзоёни нави ҲХДТ баргузор карда шуд.

Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъи миллат, пешрафти зиндагии шоистаи мардум ва ҳамеша бо халқ будан аст, дар ин замина масъулини кумита дар асоси нақшаи корӣ тасмим гирифтанд, ки дар назди маркази саломатии деҳотии деҳаи А.Қурбонов ташкилоти нави ҳизбӣ таъсис диҳанд.

 Дар раванди вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ватанзода С.В., оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, оиди ташаббуси 5-уми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагиву ободии диёр бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо андешаронӣ намуданд.

Бо таклифи аъзоёни нав ташкилоти нави ибтидоӣ “Пайравони Сино” номгузорӣ шуда, Ҳафизова Х., ба вазифаи раиси ТИ ҳизбии “Пайравони Сино” интихоб гардид.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш