ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР МАҲАЛ.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” дар ҳамоҳангии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия пайваста дар ҷойҳои муқаддасу қабристонҳо корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуда, гирду атрофи онҳо аз хасу хошок поккорӣ карда мешавад.

Дар арафаи 31-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” сокинони деҳаи Мирзоалии Ҷамоати деҳоти Саричашма ба ҳашари дастаҷамъона баромада, атрофи оромгоҳи деҳаро бо симтур махкам ва барои сабзу хуррамгардонӣ бо истифода аз ҳавои мусоид беш аз 60 бех ниҳоли арча шинониданд.

 

                Суратгузориш аз рафти баргузории аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ”: