ҲУШЁРИВУ ЗИРАКИИ СИЁСИРО НАБОЯД АЗ ДАСТ ДОД.

Ш.Шоҳин:  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин бобати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи тозагии муҳити зист, пешгирӣ аз ҷинояту қонуншиканиҳои ҷавонону наврасон ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра таъкид доштанд, масъулини ҳизбӣ пайваста дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа чорабиниҳои мухталифи сиёсиро  ба роҳ монда истодааст.

Дар таърихи 26-уми апрели соли равон масъулини ҳизбӣ бо аъзоёну кормандони аксари ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохурии фосилавиро баргузор намуда, дар байни онҳо муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро тақсим намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро таъкид сохтанд.

                                                           

                                                      

     Суратгузориш аз ҷараёни баргузории вохурӣ: