МО ҶОНИБДОРИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ!

Ш.Шоҳин:  

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ботулизм аз ҷониби масъулини ҳизбӣ дар ҳамоҳангии ташкилоти ибтидоии  “Маркази тарзи ҳаёти солим” пайваста дар байни сокинони деҳаю маҳал ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Дар баробари зуҳуротҳои наматлуб ба монанди нашъаву нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ, ки дар ҷаҳон домон паҳн кардааст, набояд фаромуш кард, ки саломатӣ ва солимии ҷомеа барои рушду пешравӣ роли ҳалкунанда мебозад.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар таърихи 23 апрели соли ҷорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар ҳамоҳангии ташкилоти ибтидоии “Маркази тарзи ҳаёти солим” дар байни аъзоён ва хонандагони муассисаи таълимии №1-и ноҳия семинар-машварат таҳти унвони “Ботулизм ва заҳролудшавӣ” доир намуданд.

Масъулини соҳа оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ ва худдорӣ намудан аз истеъмоли ҳар гуна ғизоҳои пастсифати муҳлаташон гузашта суханронӣ намуда, тавсияҳои соҳавӣ доданд.  

                                                             

                                                      

     Суратгузориш аз ҷараёни баргузории семинар-машварат: