КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”.

Ш.Шоҳин:  

Бо мақсади фаҳмонидани оқибатҳои манфии вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва таъсири он ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, пушидани либоси миллӣ, роҳ надодан ба хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз зиёдаравиҳо дар гузаронидани маъракаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” масъулини ҳизбӣ пайваста корҳои тарғиботиро бо усули “хона ба хона” дар байни сокинон ба роҳ монда, онҳоро аз пайомадҳои ногувори  он ба ҷомеаи мадании Тоҷикистон огаҳӣ намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро таъкид сохта истодаанд.

Дар таърихи 24-уми апрели соли равон масъулини ҳизбӣ корҳои тарғиботиро бо усули “хона ба хона” дар байни аъзоёну сокинону маркази шаҳрак ба роҳ монданд.

                                                              

                                                      

     Суратгузориш аз ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона”: