83138 2-40-07

ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

Норак: Вокуниш  

Масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусиятӣ ҷаҳонидошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, мубориза бар зидди он аз ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Террористу экстремистро ҳаргуна шарҳу тафсир медиҳанд, вале дар маҷмуъ ин ифода ҳамчун “вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башар хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”, фаҳмида мешавад.

Ҳамзамон аз гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста таъкид мекунад: “Тероррист- ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”. Бале, террорист аз худу аз пайвандон, падару модар, дину мазҳаб буридаву дурӣ гирифта, ба ин амали ваҳшиёна даст мезанад, ки даҳшат ва зарари он ногуфтанист.

Яъне, амале, ки террорист иҷро мекунад, инсонро муддате мушавваш, даҳшатзада ва муттаҳайир месозад, яъне барои чӣ? Ба кадом хотир? Барои сарват, маблағи ночизе, барои пул?? Оё ҷони даҳҳо нафарони бегуноҳро бо зӯрӣ ситонидан, аз зиндагӣ маҳрум сохтан ба арзиши маблағ, ба хотири сарват? Оё инсоният барои ҳамин ба дунё меояд, ки аз дасти нохалафи аҳриманзоте кушта шуда, дар дил садҳо ормонҳо аз дунё биравад? Ё қисмати онҳо аз рӯзи азал чунин бинвишта, ки маҷбурӣ риштаи ҳаёташон бурида хоҳад шуд? Фарзандон, волидони қурбониёни террористон чӣ гуна таҳаммул намоянду ояндаро чӣ гуна интизор шаванд? Ба ин саволҳо кӣ ҷавоб меёбаду посухи дурусте дода метавонад.., ҳеҷ кас!

Маълум аст, ки решакан кардани терроризм кори содаву осон нест, вале ҳадди имконпазири он муайян аст. Айни замон дар Тоҷикистон қонуну стратегия ва консепсияҳои зиёде барои муҳайё кардани заминаҳои мубориза бо ҳама шаклҳои терроризму экстремизм амал менамоянд, ки барои қавӣ гардонидани мубориза ва ҳамаҷониба маҳдуд кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ равона шудаанд.

Хулоса мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат, миллат ва бевосита мардуми он, сокинони мамлакат буда, пешгирии ин раванди хавфнок вазифаи ҳар як шахси ватандӯсти ватанамон мебошад.

Ҳасанова Наргис –мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак