83138 2-40-07

ИДОМАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР” ДАР ТАШКИЛОТИ  ИБТИДОИИ "БӮСТОН" ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак:  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом санаи 2 –юми майи соли 2024 дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии "Бӯстон” тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, аз ҷониби кормандон ва аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи Муассисаи таҳсилоти томактабии №5  Аксияи ҳизбӣ баргузор гардид.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтони муассисаро нарм карда, симтӯрҳои майдончаи варзиширо ранг карданд.  Инчунин гирду атрофи муассисаи мазкурро тоза намуданд.

 Ин иқдом аз ҷониби ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.