83138 2-40-07

ДАР ШАҲРИ НОРАК ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН" БАРГУЗОР ГАРДИД

Норак:  

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 - ферали соли 2023, №-329, "Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" даври шаҳрии озмуни Ҷумҳуриявии "Тоҷикистон -Ватани азизи ман" дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур аъзоёни ҳакамон аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва инчунин муовини раиси шаҳр ширкат варзиданд. Дар озмун 87 нафар аз рӯи 5 номинатсия ҳунарнамоӣ намуда, 59 нафар довталаб ба даври вилоятӣ бо баҳогузории ҳайати ҳакамон роҳхат ёфтанд.