83138 2-40-07

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДОҒИ РӮЗ

Норак: Вокуниш  

Дар айни замон экстремизм ва терроризм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Яқин аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣ дар мадди аввал  истодааст.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Бояд гуфт, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардидааст ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ  ҳиссиёти  тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд. Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама  расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист.

Мо аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон, насли наврас, ҷавонон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа бо ахбороти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, олимону муҳаққиқон, падару модарон ва дигар сохторҳои мавҷуда пайваста дар якҷоягӣ тадбирҳои судманд андешида ба ин восита дар таъмини устувории сулҳу Ваҳдат, истиқлоли давлатӣ, якпорчагии ватани азизамон Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ ва дар маҷмӯъ амнияти миллӣ саҳмгузор бошем.

Раҷабов Насим – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак