83138 2-40-07

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ" ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ЧАШМА 1" ВА “ЧАШМА 2” ДАР ШАҲРИ НОРАК.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом санаи 8-уми апрел соли 2024 дар ташкилотҳои  ибтидои ҳизбии "Чашма 1" ва “Чашма2” тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №10 Аксияи ҳизбии "Ободкорӣ мароми мост" яъне тоза намудани гирду атрофи муассисаи мазкур баргузор гардид.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтони муассисаро нарм карданд. Инчунин гирду атрофи муассисаи мазкуро ободу зебо гардониданд.

 Ин иқдом аз ҷониби ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.