83138 2-40-07

САНГФАРШКУНӢ ДАР ДЕҲАИ ТУҒМАЗОР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДӮКОНИИ ШАҲРИ НОРАК  

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон  ҳар як шаҳрванди мамлакат барои ободии хонаи худ, деҳаи худ ва шаҳри худ саҳмгузор бошанд, - ва дар ин замина дар шаҳри Норак як қатор корҳои ободони ва созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ ва идома ёфта истодааст.

Инак бо иқдоми навбатиии фаъолон, ҷонибдорони ҳизб  ва сокинони деҳаи Туғмазор роҳи мошингузари дохили маркази деҳаро дар масоҳати 600 метр сангфарш намуда истодаанд.

Ҷавонмардони бонангу номуси деҳа корҳои ободониро ба зиммаи худ гирифта, ҳамчун масъулияти муҳим қабул намуда, бо як ғайрату кӯшиш барои ободии маҳаллли худ ба майдони кор баромаданд.

                   Сокинони деҳаи мазкур аз дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушҳол буда, кӯшиш менамоянд, ки пешрафту ободонии ватанамон Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.