83138 2-40-07

РЕШАҲО, САБАБҲО, МОҲИЯТИ ИФРОДГАРОӢ, ТЕРРОРИЗМ ВА ОМИЛҲОИ ПАҲНШАВИИ ОНҲО

Норак: Вокуниш  

Падидаи ифродагроӣ ва хусусан терроризм бисёр мушкил аст,зеро мафҳуми худи терроризм он қадар маълум ва мушаххас нест.Вале як чизи манфии возеҳ дар бораи терроризм вуҷуд дорад, ки он зӯроварӣ ва хушунат аст. Ҳатто андешамандони террор ва иҷрокунандаи амали террористӣ эътироф мекунанд,ки террор ин зӯроварӣ аст.Ба вуҷуд омадани ин падидаҳои иҷтимоӣ аз замони Инқилоби Фаронса маълум буда ва таърихи тӯлони дорад.

Баъзе коршиносон ба ин назаранд,ки сабабҳои авҷгирии ифродагроӣ ва терроризм баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ заиф гардидани сиёсати давлат,паст шудани вазъияти иқтисодӣ,фасоди молӣ ( коррупсия),паст гардидани сатҳи зиндагии мардум,бекорӣ,заъфи идоракунии давлатӣ ва ғайраҳо мебошад.

Дар маҷмӯъ барои тамоми кишварҳои тозаистиқлол пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо заволи давлат, балки заволи низоми муайяни арзишҳо ва ташаккули арзишҳои нав гардид.Дар давраи гузариш инсон ба як давраи ҷустуҷӯи арзишҳо зарурат дорад, ки аз тариқи санҷишу иштиҳобот,ифроту тафрит ба даст меояд.Гуруҳҳе,ки дар ин давра беш аз ҳама осебпазир аст ин ҷавонон мебошад ва табиист, ки маҳз ҷавонон зери таъсири андешаҳои тундгароӣ мемонанд.Метавон чанд омили асосии зуҳури ифродагроӣ ва даҳшатафканиро ном бурд.

Яке аз решаҳои аслии зуҳури ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ ба пастравии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа вобастагии калон дорад.Тезутундшавии зиддиятҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба тақсимшавӣ ва аз ҳаёти иқтисодию сиёсии ҷомеа дур андохтани қишри васеъи мардум, махсусан ҷавонон мегардад.

Аксарияти роҳбарони созмонҳои ифротии аз оилаҳои камбизоат набуданд.Пас сабаб чист?Асосан ин нобаробарии иҷтимоию иқтисодӣ,фасодӣ молӣ ва ғайра адолатро барҳам мезанад, ки асосан бисёри онҳо сӯистифода аз динҳо мекунанд.

Иҷрокунандагони амали террористӣ аз миёни он табақаҳои иҷтимоие гирифта мешаванд, ки таъсири гуруснагию камбизоатӣ ва беадолатиро бисёртар эҳсос мекунанд.Хусусан гурӯҳҳои ифротии аз қадим то имрӯз бисёртар аз дин истифода мекунанд.Чунки инсонҳо доим ба дин эътиқод доранд ва истифода кардан аз дин барои гурӯҳҳои террористи осон аст.Барои мақсади шахсии худро дар байни мардум паҳн кардан ва идеалогияи мардумро дигар кардан аз ҳама роҳҳо истифода мекунанд.

Бинобар ин ҳар шахси бедордил бояд дарк кунад,пеш аз ҳама аз гузаштаи худ ва аз дини Ислом хуб бохабар бошанд,ки аз куҷо омадем ва ба куҷо равон ҳастем,то ин ки ба фиреби гурӯҳҳои ифротӣ гирифтор нашаванд.Чунки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ дар Ватани азизамон сохта шудааст ва китоби муқаддаси "Қуръон" бо забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, ки ин Супоришу дастури Пешвои муаззами миллат мебошад.Дар кишовари азизамон сулҳу ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шудааст ва тамоми шароит барои зиндагии осоишта мавҷуд мебошад.Вазифаи ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама ба қадри ин неъматҳо расида,барои боз ҳам пешравии ватанамон кӯшиш намоянд.Чи тавре Пешвои муаззами миллат қайд мекунанд,ки " Ин Ватан аз мост ба ғайри мову Шумо касе аз берун омада онро обод намесозанд".

Зуҳро Ҳакимзода- аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак