ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВАТАН, ДИН, МАЗҲАБ НАДОРАД, БАЛКИ ОН ХАТАРИ ВОҚЕӢ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНИСТ.

Ҷайҳун: Вокуниш  

Ҳамчуноне, ки зикр карда шуд, терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав нест. Экстремизм ва терроризм ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул- қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зурӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногуни «террор»-ро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон «террор» дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд, вале дар он замон мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, бо ақидаҳои чапгаронаи худ шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунонидани мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ва илмҳои сиёсӣ буда, амалҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби шахсони гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Экстремизм аз вожаи фаронсавии «extremism» ва лотини «extrems» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан ё аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист, шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдории амалҳои якравию тундравӣ аст.

Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ "терроризми исломӣ" таасуби динӣ мебошад. Ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегирад. Сарчашмаи ғоявии пурқудрати ислом метавонад, ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда. Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи ичтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гуруҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиëнат карда, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст гардонанд. Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардуруғ ҳаëти худро барбод дода, волидайну наздиконашонро дар миëни ҷомеа шармсор намудаанд.

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи чамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миëн меорад. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи нодурусти сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонхои экстремистӣ ва террористи аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиëд намуда, ҳатто ба ҷиход ва ҷанг даъват менамоянд.

Бахусус мо ҷавонон, бояд дарк намоем, ки маънои ҷиҳод ин сайъ ва талошу кушиш буда, ҳар амали созандае, ки барои ояндаи суботи кишвар ва таъмини амният равона мегардад, инчунин хизмати содиқона кардан ба падару модари хеш бехтарин ҷиход дар рохи Худо мебошад.

ФАРИДА АМРИДИНЗОДА- аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Кумиати варзиш” дар ноҳияи Ҷайҳун.