АКСИЯИ "ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ"

Ҷайҳун:  

Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбия намудани ҷавонон дар роҳи арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тақвияти ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ ва дурӣ аз фарҳанги бегона имрӯзҳо бо иштироки васеи ҷавондухтарон ва сокинони ноҳия баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ аксияи тарғиботи роҳандозӣ гардида истодааст.

Дар ин аксия, ҷавонондухтарони ҳудуди ноҳия рӯзҳои истироҳатӣ бо либосҳои миллӣ ба Майдони “Парчам” ва “Нишон” дар маркази ноҳия ба сайру гашт баромада, барои шаҳрвандон ва меҳмонони ноҳия либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.