МУЛОҚОТҲО БО ҲАР ЯК СОКИНИ НОҲИЯ

Ҷайҳун:  

Дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо ҳар як сокини ноҳия имрӯзҳо бо иштироки васеи намояндагони ноҳиявии ҳизб, вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизбӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, чунин вохӯриҳо бо усули “Хона ба хона баргузор гардида истодааст.

Аз он ҷумла, имрӯз бо иштироки узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Тоҷиддинзода Сумангул чунин вохӯрӣ дар деҳаи Озодии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ сурат гирифта, бо ҳар истиқоматкунанда, сардорони хоҷагиҳо ва занони хонашин суҳбату машварат баргузор гардида, доир ба амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Олии мамлакат, ҳамзамон ҷиҳати самараноку оқилона истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баргузории киштҳои такрорӣ, захираи маводҳои ғизоӣ ва инчунин тарбияи аҳли оила дар руҳияи Ватандӯстию хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар- Ватан, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбату фаҳмонидадиҳӣ баргузор гардид.