ВОХӮРИИ СУДМАНД БО АҲЛИ ҶОМЕА

Ҷайҳун:  

Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин санаи 9 март баён намуданд, имрӯзҳо бо иштироки васеи намояндагони ноҳиявии ҳизб, вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизбӣ бо сокинон вохӯрию хонишҳои сиёсӣ баргузор гардида истодааст.

Дар ин росто бо иштироки намояндагони масъули Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, ҳамзамон узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Тоҷиддинзода Сумангул чунин вохурии судманд бо фаъолон ва истиқоматкунандагони деҳаи Озодии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамзамон сухан атрофи масъалаҳои мубрами рӯз аз он ҷумла доир ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, пешгирии хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ, вобаста ба вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои замонавӣ, истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ ибрози андеша гардид.