ГУМРОҲРО ҲЕҶ РОҲНАМОЕ НЕСТ.

Ҷайҳун: Вокуниш  

Намунаи барҷастаи ин гуфтаҳо - фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.

Таърихи касби Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳад, ки табақаи аз пойгоҳи мардумӣ маҳрум, вале дар талоши ғасби давлату мансаб ҳарис, тақдири халқро 3 дафъа ба имтиҳони ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Аз аввали таъсисёбии ин ҳизби берешаву ақибмонда ҳамчун боздорандаи рушди ҷомеа баромад мекард, бо доман задан ба масъалаҳои ҷанҷолбарангез мардумро мехост аз лаззати ноби зиндагӣ кардан, дастовардҳои пешрафтаи илмӣ ва касби дониш маҳрум намояд.

Пардаи асрор агар аз ҳувияти аслбохтагии наҳзатиҳо бардорем, ҳодисаҳои аҷибу ғариб маълум мешаванд. Ин гуна афрод ҳам дар талаби дунё ҳастанд ва ҳам дар орзуи охират.  Ин ҳизби харобкор ташкилкунандаи ҷанги таҳмилӣ  ва содиркунандаи  амалҳои террористӣ мебошад, ки мардумро парокандаву кишварро валангор намуда буданд.  Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз беш аз садҳо ҳазор нафар афроди бегуноҳ ба ҳалокат расида, садҳо иншоот хароб гардиданд, ба иқтисодиёти мамлакат хисорот ворид намуда, милионҳо нафар маҷбуран Ватанро тарк карда, ба Афғонистони ҷангзада фирор карданд.

Ҳадафи асосии ТЭТ ҲНИ  мансабталабӣ ва аз  байн бурдани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон буд. Хушбахтона бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва  фидокории фарзандони сарсупурдаи миллат давлати тозаистиқлол аз хатари ҷанг раҳо ёфту нияти бади ин ҳизби террорист нақш бар об шуд.  

Ҷиноятҳои дигари ин ҳизб ин сӯиқасд ба ҷони равшанфикрон, кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2015, ба мактабҳои экстремистии хориҷа равон кардани ҷавонони тоҷик, бо роҳи фиреб равон намудани ҷавонони гумроҳгашта ба минтақаҳои доғи ҷаҳон (аз ҷумла таҳти қаламрави “ДОИШ”), иштирок дар куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара яке аз амалҳои зиддимиллӣ ва зиддиинсонии аъзоёни он маҳсуб мегарданд. Маҳз бо назардошти содир кардани чунин силсилаҷиноятҳо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ намудааст.

Аз мавқеъгириҳои ахири наҳзатиҳо бармеояд, ки ин ташкилоти террористӣ дар ҳар куҷое набошад, ҳамеша дар фикри барҳам задани ҳаёти осоиштаи мост. Бинобар ин, ҳамагонро мебояд фарзандону пайвандони худро дар роҳи дӯст доштани Ватану миллат, сарзамини аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ тарбия намоем ва нагузорем ба макру фиреби созмонҳои ифротӣ гирифтор шаванд. Бояд донем, ки имрӯз наҳзат барои расидан ба ҳадафҳои хоҷагони худ аз ҳеҷ пастию разолат рӯ намегардонад.

Гадоев Асҳобиддин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун