КОНСТИТУТСИЯ АСОСИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ

Ҷайҳун: Вокуниш  

Дар марҳилаи кунунӣ хатару таҳдидҳои зиёде ба назар мерасанд, ки вазъияти амниятӣ ва оромии ҷомеаро халалдор менамоянд. Яке аз чунин таҳдидҳоро ифротгароӣ ташкил медиҳад, ки даҳсолаи охир тамоми ҷомеаи башариро ба таҳлука оварда, роҳҳои мубориза бо он мавриди коркард қарор гирифта истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри решакан намудани падидаҳои манфур, ба мисли терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) пайваста тадбирандешӣ намуда, онро ҳамчун хатари ҷиддии ҷомеаи башаррӣ баҳогузорӣ менамояд. Зеро, амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ, нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа монеи ҷиддиро ба вуҷуд оварда, имконияти амалӣ намудани ҳадафҳои давлатиро ғайриимкон мегардонад.

Мутаассифона, бештар маврид ашхосе ба доми ин гуна амалҳо ҷалб карда мешаванд, ки дониши мустаҳками динӣ надоранд ва ё вазъи иҷтимоияшон дар сатҳи паст қарор дорад. Аз ин ҳолат таблиғотчиёни дорои ақидаи террористию экстремистӣ аз вазъияти иҷтимоӣ ва ақидаи динии шаҳрвандон моҳирона истифода бурда, аз тариқи технологияи муосир, телефонҳои мобилию воситаҳои интернетӣ ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ онҳоро ба сӯйи ҳадафҳои нопоки худ бо ҳар роҳу василаи ба худ хос ба бераҳмию разилӣ мебаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин вабои аср ҳамеша муборизаи оштинопазир бурда, дар ин аснод санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул кардааст. Яке аз санадҳои муҳимтарини муборизабаранда бо экстремизм ин Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст. Тибқи моддаи 7-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Дар моддаи 8 пешбинӣ мегардад, ки таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст. Дар моддаи 26 бошад, ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. Дар асоси моддаи 30 Конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Аз муқаррароти меъёрҳои конститутсионӣ бар меояд, ки дар ин санади олии ҳуқуқӣ масъалаи муқовимат бо ифротгароӣ ба таври бевосита танзим гардида, ҳамчун сарчашмаи асосӣ барои ҳамаи қонунҳо баромад менамояд. Дар заминаи ҳамин меъёрҳои конститутсионӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки бозгӯи танзими ҳуқуқии масъалаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Тибқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020, экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст.

Аз ин меъёри ҳуқуқи маълум мегардад, ки дар сатҳи қонунгузорӣ мафҳуми расмии ифротгароӣ танзим шуда, оид ба дарки он мушкилии мафҳумӣ вуҷуд надорад.

Қобили зикр аст, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кирдорҳое, ки вобаста ба ҷамъият хавфнокии экстремизм дар ҷамъият пайдо шуданд, криминализатсия карда шуданд: моддаи 307(1) – Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), моддаи 307(2) – Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), моддаи 307(3) – Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ).

Бо дарназардошти гуфтаҳои болозикр, метавон иброз намуд, ки дар сатҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мубориза бар зидди ифротгароӣ ба таври зарурӣ танзими ҳуқуқӣ пайдо намуда, роҳ ва усулҳои мубориза бо он амиқан инъикос ёфтаанд.

Бандҳои дар моддаи Конститутсия ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуби ҷомеа зикрёфта, шаҳрвандонро водор месозад, новобаста аз ҳолати ҷойдошта, масъулияти баланди шаҳрвандиро баҳри таъмини асосҳои сохтори конститутсионӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳ доштани сулҳу суботи сартосарӣ дар ҷумҳурӣ тақозо намояд.

Абдулҳамидзода Ҳомидҷон – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” дар ноҳияи Ҷайҳун