ХАТАРИ ТАФАККУРИ ИФРОТӢ БА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ҷайҳун: Вокуниш  

Дар айни замон тафаккури танги ифротӣ, фаъолияти харобиовари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва нақшаҳои шуми қудратҳои ҷаҳонӣ, ки бо дасти ин гурӯҳҳо амалӣ мешаванд, ватани мо, давлати мо, миллати мо, фарҳанги мо, зиндагии тинҷу ороми мо, номуси модарону хоҳарони мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор додааст. Ин аст, ки мубориза бо ин «вабои аср» як ҳаракати умумимиллӣ буда, бояд ҳар як шаҳрванди ватандор, новобаста аз касбу кор, новобаста аз синну сол ва аз мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин муборизаи бузург, дар ин набарди муқаддас ва дар ин рӯёрӯйии рӯшаниву торикӣ саҳми худро гузорад.

Дар ҳама давру замон ифротгароёне вуҷуд доранд, ки дидаву дониста одамонро ба сӯи гумроҳӣ ва ҷаҳолат мебаранд.

Имрӯз ҳам давраи ҷанг асту ҳам давраи нанг! Ҷанги ифротгароиву андешаи хурофотӣ бо созандагиву андешаи солим! Офтобро ба доман пӯшонида намешавад. Имрӯз ҷаҳолату хурофот ба ҳадде расидааст, ки як ҷавони тоҷик зери таъсири андешаҳои ифротии мубаллиғони ба ном динӣ тайёр аст бар зидди давлату миллати худ ба даст силоҳ гирад. Тайёр аст, хонаву дари аҷдодиашро, ки дар он ҷо хуни нофаш рехтааст, оташ занад! Магар бадбахтӣ ва хатар аз ин зиёд мешавад?! Мо бояд айби худро рӯирост гӯем ва фавран дар пайи ислоҳу муолиҷаи ин айбу ин дард шавем. Дағал ҳам шавад, имрӯз баъзе аз ҷавонони мо миллати сарбаланди тоҷикро ҳамчун як миллати худкушу бегонапарвар муаррифӣ карда истодаанд. Ин нанге барои миллат аст! Тақлиду бегонапарастӣ ба ҳадде расидааст, ки дигар аз рӯи андоми зоҳирӣ як ҷавони тоҷикро аз намояндаи миллати дигар фарқ карда намешавад! Магар гузаштагони барӯманду баномуси мо миллати моро ҳамин гуна тарбия доданд? Ҳаргиз не! Баръакс, аҷдоди мо ҳамеша дар лаҳзаҳои барои давлату миллат ҳассос мавқеи қатъӣ нишон дода, бар зидди ҳама гуна таҳдиду хатар муттаҳиду устувор буданд.

Шояд суоле ба миён ояд, ки чаро ин қадар зиёд дар бораи андешаи ифротию хурофот бонги хатар зада мешавад. Чунки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ маҳз чунин нафароне лозиманд, ки мафкураи хурофотзада ва ифротӣ дошта бошанд.

Созмонҳои террористӣ танҳо ба чунин нафарон ваъдаи “биҳишт” ва “охирати обод” дода, онҳоро ба тарконидану сӯзонидани давлату сарзамини худ водор мекунанд. Мисле ки солҳои 90-ум бо ду ҳамватани мову шумо карданд. Хомӯшӣ дар баробари чунин хатар хиёнат аст, хиёнате, ки поёни он хиҷолату сархамӣ дар арсаи дунё!

Гадоев Асҳобиддин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун