САБАБҲОИ ПАРОКАНДА ШУДАНИ ОИЛАҲОИ ҶАВОН ВА ПАЙОМАДҲОИ НОГУВОРИ ОН

Ҳамадонӣ: Андеша  

 Боиси таассуф аст,ки на хамаи оилахое,ки ташкил мегарданд, пойдор мемонанд. Сабабхои вайрон шудани оилахои чавон хеле гуногун буда, вобаста ба вазъи ин оилахо пайомадхои гуногунеро ба бор меоранд.Интихоби дуруст дар бунёди оила омили мухим- ми мустахкамии чамъият ва ободии давлат аст. Аз ин ру пеш аз барпо кардани оила хар шахрванд бояд пахлухои гуногунчабхаи хаёти оилавиро мавриди омузиш карор дода, урфу одатхои милли, хурмату эхтироми тарафхо, муносибати хуби занушавхари ва маънои зиндагиро хуб дарк карда тавонад.Зиндаги собит намудааст, ки ишку мухаббати чавонон масъалаи дигар асту оиладори масъалаи тамоман дигар. Зеро хаёт баъзан нозукихои ошиконаро мебардорад, аммо оила не.  Эхтиёткор будану хамкадами хаётро хамачо- ниба омухтан талаботи аввалиндарача аст. Бунёди боэътимоди оиларо якдигарфахми, мухаббати байни зану шавхар, самимият ва боварию эътимод ба якдигар ба вучуд меорад, ки ин пойдевори устуворест барои побарчо мондани оила ва бунёди чомеаи солим. Вале, мутаассифона, дар баъзе хонаводахо байни занону мардон мухаббати самими, якдигар- фахми, фазои орому осоишта вучуд надорад.Яке аз сабабхои асосии вайрон шудани оилахои чавон дахолати бемавриди баъзе аз волидон ба хаёти навхонадорон, мухочирати мехнати, барвакт хонадор намудани чавондухтарон, набудани якдигарфахми дар оила, муносибати дагал, нобовари, бехурмати, худхохи ва беэхтироми нисбати якдигар, никохи хешутабори ва дар мачмуъ омода набудани чавонон ба хаёти мустакилона мебошад.

Агарчи оиладори дар зиндаги ходисаи мукар- рари менамояд, вале бояд ба хуби дарк кард, ки он дар худ боз масъулияти зиёде низ дорад. Зеро оила пойдевори чомеа, давом ва асоси пойдории насли инсон мебошад. Инсон тарзи муносибат бо афроди чомеаро махз дар мухити оила меомузад. Аз ин ру инсоне, ки аз мухити оилаи солим махрум мемонад, на танхо дар чомеа мавкеъ намеёбад, балки ба чомеа мушкилот ворид месозад.Албатта, аз хам чудошавии зану шавхарро умуман бемаврид донистан ва онро манъ кардан аз имкон берун аст, зеро холатхое хастанд, ки инсон мачбур мешавад ба ин кор даст занаду ба ин васила зиндагии худ ва хамсарашро сабуктар созад. Вале метавон гуфт, ки ин холатхои истисноие мебошанд, ки онро чомеа махкум намекунад. Масалан, безурёти, бемори ва монанди инхо ногузир боиси вайроншавии оилахо мегарданд. Асли мавзуъ аз он иборат аст, ки аслан оила дар заминаи меъёрхои мустахками ахлоки бунёд гардида, бо вучуди пастиву баландихои зиндаги ба пойдории он кушиш ба харч дода мешавад.

Яке аз сабабхои вайрон шудани оилахои чавон ин надоштани махорати муошират кардан аст. Дар баъзе мавридхои зиндаги чавонон барои дар хузури дигарон нишон додани кибру гурури худ ба хамсари худ бо кахру газаб сухан карда, хатто дашном низ медиханд. Хатто дар байни ёру дустони худ бо чунин гуфтор ва рафтори худ ифтихор низ мекунанд.

Чунин гуфтор ва рафтори чавонон боиси дилху- нукии хамсар мешавад. Ин хамсар ба ин гуфтор ва рафтори шавхараш як муддат тахаммул мекунад, вале рузе мешавад, ки косаи сабру токаташ лабрез шуда, дилаш аз хамсараш хунук шуда, рохи чудоиро мечуяд.Набояд фаромуш кард, ки тавассути дилозори шахс наметавонад ба дили дигар кас чой бигирад. Калиди воридшави ба дили шахси дигар мехрубони ва сухани ширин аст. Танхо тавассути кадрдони ва эхтироми якдигар ду чавон метавонанд, ки риштаи дусти ва мухаббати худро ба хам пайваста, оилаи устувор ва хушбахтро барпо намоянд.

Оилахо гуногун мешаванд: пурра ва ё нопурра, солим ё носолим ва гайра. Агар дар баъзе оилахо мухити ором ва хайрхохона хукмрон бошад, он гох дар оилахои дигар хаёт ба як силсилаи бахсу мунозирахои доими мубаддал мегардад. Ин бахсхо як кисми таркибии хаёти оилави шуда мемонанд. Аъзои оила ба василаи бахсу мунозирахои доими якдигарашонро хаста намуда, ба гаму андух ва хатто бемори ги- рифтор месозанд.Инсон бо максади созишу муросо намудан ояндабини мекунад ва дар рафти он дучори монеаву мушкилихо мегардад. Василаи аз хама бехтари рафъи онхо сабру тахаммул аст ва он имкон медихад, ки масъалахои оилави дар мухити ором, осоишта ва бефишору хушунат халли худро пайдо кунанд.

Мувофики дастовардхои илми психология бахс- хои оилави, одатан, ба шакли зайл интихо меёбанд:

яке аз хамсархо худро гунахгор мехисобад;

хар ду хамсар худро гунахгор эътироф меку- нанд.

Аз ин лихоз як формулаи халли бахсхои оилави пайдо мешавад ва он чунин аст: «Мо бахс мекунем, яъне мо хар ду нохаккем». Албатта, расидан ба ин натича кори сахлу осон нест. Дар аксари хол ба ин муносибати анъанавии вучуддоштаи «Ман», «Ту» халалхо эчод менамояд.

Адабиёти психологи пешниход менамояд, ки роххои дигари рафъ кардани низоъхои оилави ин муросо, хамкори, дури чустан аз низоъ, гузашт кардан, бахшидан ва дигар омилхо мебошанд. Инхо метавонанд шиддати низоъро паст кунанд ва барои дар холати осуда мухокима намудани бахсхои оилави шароити мусоид фарохам оваранд.Бояд таъкид дошт, ки бо вайрон шудани оилахо на танхо хамсарон зарар мебинанд, балки мушкилтарин ва вазнинтарин пайомади он бепарастор мондани фарзандон хохад буд. Аз ин ру барои мустахкамии ин ниходи арзишманд бояд хамачониба кушиш ба харч дода шавад. Ба мухочирати мехнати рафтани аксари чавонон ва мардони оиладор, бетаълим ва бетарбия мондани насли наврас, надонистани хукукхои занушавхари, хушунат дар оила омилхое мебошанд, ки ба пойдории оилахо тахдид мекунанд.Сабаби асосии вайрон шудани оилахо дар он аст, ки падару модар фарзандони худро ба хонадоршави омода намесозанд. Зеро оилахое хастанд, ки барои кабул кардани духтари бегона хамчун духтари худ тайёр нестанд ва баъзе духтароне хастанд, ки дар хонаи шавхар он гуна рафтор мекунанд, ки гуё дар хонаи волидони хеш бошанд, ки дар ин холат ба мушкилихо ру ба ру мегарданд. Дар ин маврид бояд падару модари домод ё арус кабл аз хонадоршави чи тавр муносибат кардани онхоро бо хушдоман ва ахли оилаи «нав» хуб фахмонанд, ба ибораи дигар, нозукихои маърифати оиладори, мукаддасоти оиларо ба онхо омузонанд.Дахолати ночои баъзе волидон низ сабаби чудошавии оилахои чавон мегардад. Кам нестанд ходисахое, ки хушдоманхо барои баъзе масъалахои ночиз, аз зумраи каме шур омадани хурок, нодуруст дарзмол кардан, шикастани чинивори ва монанди ин бо келин хеле сахт ва дагал гап зада, дар назди фарзандон онхоро ноухдабарою бехунар мехонанд, ки ин боиси ранчиши хотири келин ва тадричан дилхунук гаштани онхо аз ин хонадон мегардад.Барои бунёд кардани оилаи пойдори устувор, бешубха, падару модар накши калиди бозида, намунаи оила ба хисоб мераванд. Онхо бояд худпараст набошанд, якдигарро хурмату эхтиром намоянд, хамеша пахлуи хуби вокеаро бинанд, сабур ва хушмуомилаву беозор бошанд. Хама вакт унсурхои маънавиро дар мадди аввал гузоранд ва донанд, ки пулу мол, макому мансаб, зебоиву шухрат абади набуда, хеч вакт оиларо устувор нигох намедоранд. Дар баробари ин, дар хузури фарзандон волидон бояд хамеша аз истеъмоли машруботи спирти ва ичрои дигар корхои зишт дур бошанд, зеро агар дар чое, ки аъмоли зишт мавчуд бошад, он чо садокат ва эътимод дида намешавад. Ин амалхои зишт боиси гусаста шудани пайванди оила ва рафокату дустии ахли оила мегардад.Пас метавон гуфт, ки тарбияи солим ва ё нодурусти фарзанд бевосита ба мухити зист, рафтору кирдори волидон ва калонсолони оила вобастагии кави дорад. Сарчашмаи мунокишахо, вайроншавии муносибати навхонадорон, амалхои нодурусти чавонон ва хислатхои ношоистаи хар инсон аксаран оила мебошад. Агар тарбияи нахустини хар фарзанд ба оила вобаста бошад, пас сабаби ба вучуд омадани мочарохои оилави хам аз муомилаи гайримакбули аъзои оила бо фарзандон аст.Аз ин хотир метавон хулоса кард, ки мухити фа- рогирифтаи чавонписарону духтарон онхоро ба зиндаги мутобик ва омода насохтааст, ки ин аз беахамиятии волидони хар ду тараф ва ниёз доштани худи навхонадорон ба тачрибаи рузгор ва таълиму тарбияи оилаю оиладори шаходат медихад. Агар зан ва мард замони наврасию чавони дар оилаи солим ва зери тарбияи бонизоми волидон ба камол расида бошанд, хатто мухити носолим низ ба онхо наметавонад осеб бирасонад.Набудани гамхори, дастгирию ёрманди аз чониби волидон, дар як катор мавридхо дар оила набудани падар тадричан боиси он мешавад, ки фарзандон беназорат мемонанд. Дар натича заминаи мусоид барои ба чинояткори, нашъаманди ва дигар амалхои номатлуб чалб шудани ноболигон фарохам меояд.

Сабабхои вайроншавии оилахои чавонро шартан метавон чунин гурухбанди намуд:

-набудани якдигарфахми байни зану шавхар;

-натичаи тарбияи нодурусти фарзандон дар оила;

-паст будани маърифати оиладории чавонон;

-паст будани сатхи иктисодии оила;

-мудохилаи ночои хешу табор ва волидон;

-никохи хешутабори;

-мухочирати мехнати;

-бемори ва безурёти.

Вайроншавии оилахо, аз тарбияву мехру на- возиш ва дастгирии моддиву маънавии волидон махрум гашта, бепарастор мондани фарзандон яке аз мушкилоти асоси махсуб гардида, боиси ташвиш ва нигаронии ахли чомеа гардидааст.

Аз ин ру яке аз роххои асосии пешгирии ин дарди чомеа пеш аз хонадоршави ва ташкили оила ба зиндагии мустакил омода кардани чавонон мебошад, ки ин, пеш аз хама, вазифаи падару модар, мактаб ва хамкории тамоми ниходхои ичтимоии чомеа мебошад.

Хулоса, дар ин мавзуъ ба шумо дар бораи як- чанд сабаби вайрон шудани оилахои чавон ва пайомадхои ногувори он маълумот додем, ки донистан ва хулосабарори аз он барои омода шудани шумо ба хаёти мустакилона ва пешгири аз низоъхои оилави ёрманди мекунад. Аммо дар хаёт метавонед бо дигар ходисаю вокеахое ру ба ру гардед, ки оид ба он дар чое нахондаед ва аз касе нашунидаед. Вале дар хама холат аклу заковат, тахаммулпазири, сабру токат хамеша дастгиру рахнамои шумо хохад буд

Бахтзода Ҷомӣ мудири Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот