ҲАМИН КИТОБРО ҲАТМАН ХОНЕД. АСАРЕСТ, КИ БАҲОИ 100 АСАРРО МЕДИҲАД. 

Ҳамадонӣ:  

#ТАВЗЕҲ: Китоби мазкур дар асоси осори илмиву таърихӣ ва маърӯзаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураттаб гардидааст. Анҷом додани ин кор ба се вачҳ муносиб дониста шуд: аввалан, сатҳу савияи илмии нигошта ва маърӯзаҳо дар пояи баланд қарор дорад ва аз онҳо боястӣ аҳли илму адаб, омӯзгорону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон зимни пажӯҳии илмӣ, таълими шогирдон ва огоҳии бештаре пайдо намудан бо рузгору осори шахсиятҳои варзидаи таърихӣ ва фарҳангиамон истифода баранд. Аз ҷониби дигар, ин кор ба он хотир зарур дониста шуд, ки дар айни ҳол теъдоди нашри китобҳои Сарвари кишвар хеле маҳдуд аст ва на ҳамаи ниёзмандон имкони дарёфту мутолиаи онҳоро доранд. Далели севум ин аст, ки дар як маҷмуа гирд омадани маводи ин китоб, ки қаблан ба сурати пароканда дар маҷмӯаву китобҳои гуногун ва нашрияҳои даврӣ чоп шуда буданд, ба хонандагон имкони мусоиди 

истифода ва баҳрабардориро фароҳам меорад.

Бахтзода Ҷомӣ мудири Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот