НАҚШИ КАЛИДИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ҲАЁТИ ИЛМӢ ВА АДАБИИ КИШВАР

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

 Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бевосита бо дастур ва эҳтимоми Роҳбарияти Олии давлату ҳукумати кишвари азизамон роҳандозӣ гардидааст, шоистаи ҳама гуна васфу ситоиш мебошанд.Боре ҳам нашунидаам, ҷое нахондаам ва надидаам, ки ягон нафар аз иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии "фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон ватани азизи ман" ва "Тоҷикон оинаи таърихи миллат" даст ба ин ё он ҷиноят ва амалҳои ношоиста, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ зада бошад ва дар оянда ҳам асло намезананд. Маҳз дар ин росто муҳтарам Президенти маҳбуби миллатамон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: ""Танҳо маърифат пеши ҷаҳолатро гирифта метавонад."" Чунки танҳо ва танҳо фикру зикрашон омодагӣ ба озмунҳои болозикр мебошад. Ҷӯстани адабиётҳо, мутоилаи онҳо, дар зеҳн ҷо кардани онҳо ва фикри ғолиб омадан. Дигар вақти корҳои беҳуда кардан нест ва бад ин васила аз китобҳои хондаат ҳама чизро меомӯзӣ: одоб, ахлоқ, маърифат, рафтор, гуфтор ва кирдор. Ба қавле дигар вақти сархорӣ намеёбӣ то чӣ расад ба корҳои беҳуда.Ба китоб чанг занед ва фарзандону ҷиянҳову набераҳоро ба суи озмунҳои илмию бадеии роҳандозинамудаи Ҳукумату давлат талқин намоед. (ем) Сабаби ҳама ҷиноятҳо дур мондан аз китобу илму маърифат мебошад. Муҳити фарзандонро илмӣ кунед! Дигар вақти чорроҳанишиниҳо шабгардиҳо нест. Ун замонҳои пеш дигар буд, ҳозир дигар. Тамоми миллат бояд босавод ва китобхон бошад. 

        Роҳи китобхонаро мисли роҳи масҷид ва хонаи худ муқаддас донед.

Китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд, уро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад. 

       Эҳтиром ба Ватан ифтихор бо Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар гӯшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва дарки мазмуни он ба даст меояд. Шоир барҳақ фармуда:

 

Тан ба дониш сиришта бояд кард,

Дил ба дониш фаришта бояд кард.

 

Китоб хонед ва аз имкониятҳои Китобхонаҳо самаранок истифода намоед. Ман бар он андешаам, ки дар баробари панҷ вақт ба масҷид рафтан панҷ вақт бояд ба китобхона низ рафт то битавонем тамоми насли ҷавони ин миллати солоро босавод, бедор, ҳушёр ва зирак намоем. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора таъкид мекунанд: "Сарчашмаи равнақи худшиносии миллӣ маърифат аст" Волидон бояд илмро чун сураҳои китоби Қуръон муқаддас шумурда ҳарду илмро - илми ухравӣ ва дунёиро ба фарзандон баробар таълим ва талқин диҳанд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем як ҷомеаи саропо босавод ва бидуни фанатизму радикализм созем. Агар сафи иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби наврасон ва ҷавонон бештар афзояд ҳамон қадар ҳукумату давлат ба мақсадҳои олии худ мерасад. 

 

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ