ТАҲДИДИ ХАТАРИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ БА ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки: “Мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд.”Дар ин асри нав масъалаи терроризм натанҳо мушкилии як давлати алоҳида, балки монеа ва хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Инро метавон бо фаъолияти миқёсан васеи онҳо дар солҳои охир ва фаротар аз мансубияти миллию давлатии онҳо асоснок кард.Имрӯз дар олам ҳудуди 500 гурӯҳу созмонҳои ғайрирасм террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти омории марказҳои таҳлилӣ харҷи яксолаи гурӯҳҳои террористӣ аз 5 то 20 млрд.долларро ташкил медиҳад.Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои гуногуни дунё сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – Ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз хатари терроризму ифротгароӣ дар амон набуда, ҳанӯз дар солҳои аввали расидан ба Истиқлоли сиёсиаш ба ин вабои аср рӯ ба рӯ гардида буд. Терроризму террористон, аз ҷумла роҳбарону аъзоёни ТЭТ “ҳизби наҳзат” , ки Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд, имрӯз низ аз баҳри даъвои худ нагузаштаанду даҳшатафканиро идома дода истодаанд.Террористони наҳзатӣ, ки сабабгори асосии ин ҷанги таҳмилӣ буданд, барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон аз ягон амалҳои даҳшатнок нисбати мардуми бегуноҳ даст намекашиданд ва имрӯз низ даст нахоҳанд, кашид. Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ ТЭТ “ҳизби наҳзат” аз ҳамаи ин амалҳои нангину ғайриинсонӣ истифода кардааст. Онҳо пайваста нисбати кормандони идораҳои дахлдори давлатӣ (ҳукумат, ВКД, амният), намояндагони воситаҳои ахбори омма, арбобони шоистаи давлатӣ амалҳои террористӣ анҷом медоданд. Дар ин ҷо зикри кушторҳои дархостӣ - куштори Минҳоҷ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳими Афардӣ ва даҳҳо тани дигар исботи ин гуфтаҳост.Наҳзатиҳои террорист аз рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтани онҳо истифода карда, ҳатто нисбати кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ низ ин амалро раво дидаанд. Аъзоёни ТЭТ “ҳизби наҳСат” бо дигар созмонҳои ҳамфикру ҳампаймони худ ба мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ансоруллоҳ», «Ихвон-ул-муслимин» ва ғайраҳо, ки рӯйхаташон ба садҳо мерасад, ҳамкорӣ доштанду доранд.Онҳо шахсони дар ҳудуди давлати хеш ё берун аз он ҳамчун ҷинояткор дар ҷустӯҷӯ қарордошта ё ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳ ва ноустувор, ашхоси беҳувият ва дигаронро бо роҳу воситаҳои гуногун ва тарғибу ташвиқи ғояҳои бегонапарастӣ ба доми фиреби худ мекашанд ва ба сафҳои худ ҷалб месозанд. Чӣ тавре, ки огоҳӣ доред, ин шабу рӯз роҳбарони аъзоёни ТЭТ “ҳизби наҳСат” ва ТЭ “гурӯҳи 24” бештар тариқи шабакаҳои интернетӣ аз истифодаи фиребу найрангҳои хос муҳоҷирон ва шахсони ноогоҳро ба сафи худ ҷалб намуда, ба доми худ меафтонанд. Бешубҳа, бояд гуфт, ки ин террористону экстремистон таҳти ҳидояту сармоягузории нерӯҳо ва қудратҳои Ғарбӣ қарор доранд, ки мехоҳанд, дар Тоҷикистон сулҳу субот вайрон гардида, кишвари моро ба ҷангу хунрезӣ кашанд.

Хусусан, бо ба сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон барои кишварҳои минтақа низ бетаъсир намонда, ба давлатҳои ҳамсарҳади он, аз ҷумла Тоҷикистон ин хатар даҳчанд меафзояд. Вақтҳои охир дар ҳукумати худхондаи “Толибон”, ки даст ба ҷиноятҳои ғайриинсонӣ мезананд, мутаассифона, бархе аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бевосита иштирок мекунанд. 

Бояд гуфт, ки имрӯз ягон кишвари дунё наметавонад дар алоҳидагӣ бо зуҳуроти хатарбори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мубориза бурда, муваффақ гардад. Ҳамкориҳо босамар дар ин самт бояд бо СММ, Созмони аҳдномаи амният дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва давлатҳои ҷудогона ҷоннок карда шавад.

Хулоса, бо назардошти таҳдиду хатарҳои ҷиддие, ки имрӯз авзо минтақаро ноором ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ҷомеаи моро зарур аст, ки аз ҳар гуна созмону гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, якпорчагии давлату миллат ва сулҳу ваҳдати Ватани азизамонро пос дошта, кишварамонро барои имрӯзу фардои насли оянда ободу зебо гардонем. Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан алайҳи экстремизму терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

Таҳия ва пешниҳоди Бахтзода Ҷомӣ