ҶАВОНОН ОЯНДАИ МО ҲАСТАНД БИНОБАР ҲАМИН ЛИҲОЗ НАБОЯД ФИРЕФТАИ АЙБҶӮЁН ВА БАДХОҲОНИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТИ ТОҶИК ГАРДАДНД.

Ҳамадонӣ: Андеша  

Дар оянда тақдири давлату миллати мо ба зиммаи онҳо вогузор мегардад.Барои он, ки онҳо ҳамчун вориси сазовори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати тамаддунофари худ ба камол расанд, мо ҳоло вазифадор ҳастем, ки таълиму тарбияашонро бо дарназардошти тараққиёти ҷаҳони муосир ба роҳ монем.

                                                   Эмомалӣ Раҳмон

Ба тамоми хоинон ва нотавонбинони миллати сарбаланду тоҷдори тоҷик, ба вижа ба сагу сагбачаҳо ва думу думчаҳои ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ, ки ин шабу рӯзҳо дар фазои маҷозӣ ва бе дару дарвозаи олами интернет ҳарзагӯӣ намуда, мехоҳанд фазои сулҳу суботи комилу пойдори Тоҷикистони ба ҷону тан азизи даҳ миллионро ноором кунанд, гуфтаниям:шумо аблаҳо гумон накунед, ки бо чор панҷ навори тахайюливу сохтаву бофатаи худатон моро фиреб дода метавонед. Чашмони шумо аблаҳонро хоҷагони хориҷӣ бо пулу моли ҳангуфт кур кардаанд. Чунон кур кардаанд, ки муқаддасоти худатонро фурухтед. Ва ин қадар ободиву пешравиҳои Тоҷикистонро намебинед. Ба қавли шоир: 

 

Дар деги сияҳ шир сафедӣ кунад, аммо,

Чашмони сияҳкӯр ба ҷӯз дег набинад.

 

Аслан, барои одами фурӯхташуда, барои хоини гузаро, барои бешарафу беҳувият, барои ҷоҳилу манқурт, муқаддасоти Ватан, миллат, оила ва дин ҳеҷ арзиш надорад. Ҷиҳати ҳадафҳои нопоки хударо амалӣ намудан, ба ҳама кор қодиранд ва розианд, ки аз баҳри ҳама чиз гузаранд. Аз дини мубину муқаддаси Ислом суистифода намуда, он ҷавононе, ки дониши казоии динӣ надоранд ба доми фиреби худ кашида, ояндаи дурахшони онҳоро тираву торик мекунанд. Аз ҷавонони саодатманди кишвар, ки ояндаи Тоҷикистон онҳоянд эҳтиромона тақозо дорам, ки фирефта нашаванд. Фаровон мутолиа кунед.! Чунон, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадашон қайд мекунанд:

"Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонони огоҳу босавод мебошад"

 

Боқӣ, ба қавли ҳазрати Саъдии Шерозӣ

 

Муроди мо насиҳат буду гуфтем,

Ҳавола бо Худо кардему рафтем.

 

Наҳзат ва пайравонаш ҳеҷ чизро донистан, фаҳмидан ва гӯш кардан намехоҳанд. Чунки як ҳадаф доранд: танҳо ва танҳо пиёда кардани ғаразҳои нопоконаи худу хоҷагони хориҷияшон. Агар мо ҳар қадар аз муваффақиятҳо, пешравиҳои Тоҷикистон гӯем онҳо моро чашми дидан надоранд.

Ба қавли шоир: 

 

Дар фаҳми ту ҷо намешавад олами мо,

Дар коса макун талоши ғунҷондани баҳр.

 

Фаҳмиши наҳзату наҳзатиён андозаи ҳамон коса аст. Худо хору залилтон гардонад. Дар инҷо мехоҳам бо мисрае иктифо кунам.

 

Дур аз Ватанӣ агар бар у санг занӣ,

Ҳам кофару ҳам хоину ҳам Аҳриманӣ.

       

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ