РУШДИ САЙЁҲӢ ЗАМИНАИ УСТУВОР БАРОИ ПЕШРАФТИ КИШВАР

Дӯстӣ: Андеша  

Сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон дар даҳсолаи охир аҳамият ва мавқеи хоси худро пайдо карда, бо самтҳои гуногун рушд ёфта истодааст. Имрӯзҳо дар бозори сайёҳӣ ду соҳаи мустақили сайёҳӣ: байналмилалӣ ва дохилӣ бо низомҳои махсуси худ амал менамоянд. Дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30%-и содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Самти иҷтимоии муносибатҳои ҷамъиятӣ низ соҳаи сайёҳиро ҳамчун манбаъ ва воситаи афзалиятнок дар ҷомеа арзёбӣ менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки "Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад".     
 Ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории ин намуди фаъолият, рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ мегарданд, ки дар навбати худ он метавонад ба ташкил ёфтани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва ба ин восита беҳтар шудани имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии оилаҳо сабаб гардад.
Аслан, миллати тоҷик аз қадимулайём дӯстдори сайру сайёҳат ва фарҳанг мебошад. Бахусус ҷавонон ва наврасон дар роҳи пайдо кардани маълумоти бештар аз таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба боздиди ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ завқи баланд ва хоҳиши зиёд доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин давлатест, ки дар фазои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба сайёҳии дохилӣ афзалият дода, бо мақсади муайян намудани тартибот дар бозори сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои сайёҳон ва баланд бардоштани маърифат ва маданияти сайёҳии ҷомеа, вазъи иҷтимоии шаҳрвандон Қонун "Дар бораи сайёҳии дохилӣ"-ро қабул кардааст.

Муҳосиби асоси оид ба маблағҳои пасандози Амонатбонк дар филиали ноҳияи Дӯстӣ  

Маҳмадшарифзода Ҷамшед