БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ АВВАЛ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Дӯстӣ:  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда идома доранд.
Чунин маҷлис имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "РАСИН" бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Олимов Иброҳим баргузор гардид.
Сараввал Раиси  Ташкилоти ибтидоии ҳизбии  "РАСИН" Талбакзода Илҳом  маҷлисро оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилот дар семоҳаи аввали соли 2024 ва нақшаҳо барои минбаъда суханронӣ намуд.  Қайд гардид, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо дар фаъолияти ташкилот натиҷаҳо дар соли ҷорӣ қаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Сипас Олимов Иброҳим вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, омодагиҳо ба сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзу тозагии муҳити зист ва дигар самтҳо  баромад намуд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.