ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН БОИСИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ МЕГАРДАД

Дӯстӣ:  

  Дӯстӣ:  Деҳқонон ва кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ сармашқи кори худ намуда ҳар як ваҷаб заминро оқилона истифода мебаранд.

  Зимни боздид раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидзода Абдулҳафиз аз як қатор хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод маълум гардид, ки хоҷагидорони ноҳия хуб меҳнат карда дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти пахта, гандум, полезиҳо ва помидору бодиринги барвақтӣ кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

  Хусусан дар хоҷагии деҳқонии "Азиза"  гандум кишт намуда аз таҷрибаи пешқадами деҳқонӣ истифода бурда бодиринг ва тарбузро дар зери плёнка парвариш кардаанд, ки ҳосили бодиринг аз аввали моҳи апрел ба бозор бароварда шуда, ҳосили тарбуз низ дар нимаи моҳи май ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар бароварда мешавад ва ба ҳамин васила деҳқонони ноҳияи Дӯстӣ саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.