ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ АЗ ТАРАФИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Дӯстӣ: Созандагони ватан  

  Дӯстӣ:  Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон, Нурализода Акмал, корманди ҳамин марказ Бобоев Бахтовар ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор бо як қатор хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорон ва волидайни онҳо сӯҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

   Вохӯрии мазкур таҳти унвони "Истифодаи самараноки телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ" доир карда шуд.
  Сараввал муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор ба сухан баромада меҳмононро бо иштирокчиён шинос намуд.
Ҳамзамон вобаста ба эҳтиёткорона истифода бурдани телефонҳои мобилӣ, иштироки хонандагон дар мактаб бе телефонҳои мобилӣ, тарзи дуруст истифода бурдани  китобхонаҳои электронӣ тариқи телефонҳои мобилӣ ва пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози андеша намуд.
   Сипас корманди масъули маркази технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон Бобоев Бахтовар баромад карда тариқи наворҳо тарзи дурусти истифодаи телефонҳои мобилиро ба иштирокчиён тавзеҳ дод.
  Ҳамзамон оиди бо эҳтиёт ва бе зарурат истифода набурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, ворид нагардидан ба ҳар гурӯҳҳои (Группа) ношинос дар шабакаи интернетӣ ва лайк намондан ба таблиғоту ташвиқотҳои барои миллати мо бегона фикру ақидаҳои худро баён намуд.