ЗАН ОЛИҲАИ ЗИНДАГИСТ

Дӯстӣ: Андеша  

    Чӣ хеле ба ҳамагон маълум аст ҳамасола Рӯзи байналхалқии бонувон,  таърихи 8-уми март таҷлил карда ва дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Ин ид дар тамоми руй дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқи занон пазируфта мешавад, ки онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ба андешаи баъзе аз коршиносон Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. Аз ин рӯ новобаста аз иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҳамасола ҷашни таърихӣ ва сиёсист. Бинобар ин 8-уми март ин эътироф аз гулу тӯҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст.
        Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми модарон аст. Бале, Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, химматбаландтарин шакхси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Дар руи замин мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар ба монанди замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Аз даст рафтани Модар барои фарзандон фоҷеаи бузургтарин аст;
            Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, давомдиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд буда, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги ҳар як миллат мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.
        Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифат ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат бояд кунад.
              Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
         Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор ва ӯҳдадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
         Аз фурсати муносиб истифода бурда бо ин рӯзи баҳори ҳамаи модарону хоҳаронро ва умуман бонувони азизи тоҷикро бо фарорасии фасли баҳор ва Иди занон 8- март табрику муборак бод гуфта, барои ҳамаи Шумо азизон беҳтарин рӯзҳои зиндагиро аз самими қалб таманно дорам. саломатии бардавом, хушбахтии аҳли оиларо орзумандем. Дар ин рӯз бештар табассум намоед Бигузор шодиву хушбахтӣ дар хар як хонадони зану модари тоҷик ҳамеша шукуфон бошад.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ                                          Ҳамидзода Абдулҳафиз