ШОИСТА ҲИЗБИЁН БАРГУЗОРИИ СОАТҲОИ СИЁСӢ ИҚДОМИ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – и ноҳияи Данғара ҳамарӯза дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу суботи амиқи кишвар дарсҳои сиёсӣ, дар зери таъассуроти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардида истодааст. Омӯзгорон ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақтӣ маънидод намуда, баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд. Дар машғулиятҳои доиргардида омӯзгорон ба хонандагон оид ба шарҳу тавзеҳ ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар Паёми навбатии худ дар масъалаи саводнокӣ ва омӯзиши илмҳои замонавию забонҳои хориҷӣ дастур дода буданд,  ибрози андеша намуда, мафҳум ва муҳтавои Паёмро ба хонандагон бори дигар хотиррасон намуданд.  Дар охир дар бораи Қонуни ҶТ “Дар бораи тарбияи ҳарбии ватандӯстии шаҳрвандон”, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар рӯҳияи Ватаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, дур будан аз фарҳанги бегона, пешгирии таълимоти динии ғайрирасмӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва омода будани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуданд.