ПАЁМ – РОҲНАМОИ ҲАЁТИ МИЛЛАТ

Данғара: Андеша  

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба Маҷлиси Олии икшвра доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Паёми навбатӣ бо баррасии маъслаҳои мубрам хусусиятҳои хосро дорост.

Дар самти беҳшавии зиндагии мардум дар ду даҳсолаи  охир нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 банди фоизӣ  дар соли 2023 паст гардиааст.

Бо мақсади  идома додани ин раванд Ҳукумати мамлакат  ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то 10 фоиз паст  кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушахассро амалӣ  менамоянд. Дар соли 2024 тавассути татбиқи  самараноки  барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда  мешавад.  Дар солҳои минбаъда аз ҳисоби буҷа давлатӣ барои  дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, ки он дар соли 2023 – юм 4 миллиард сомониро ташкил медод, тадбирҳо андешида хоҳад шуд.

Ҷиҳати дигаре, ки дар Паём баён гардидааст ин  пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби  низоми бонкӣ аст, ки тон ба занону бонувони соҳибкор 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8  миллиард сомонӣ расонида шудааст.

Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. вобаста ба ин, самти рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти  аввалиндараҷа дорад. Баҳри рушди сармояи инсонӣ омили  калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии  соҳаҳаои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия , инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. дар ин ҷода рушди илму маориф калиди пешрафти  ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои  босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ мо маорифчиёни ноҳия хурсанд аз онем, ки сол ба сол музди маошамон зиёд мегардад ва ин боис ба он аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ҳиссагузор бошем.

КУГАНОВ Фариддун – омӯзгори МТМУ №29, ноҳияи Данғара